Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд  санаи 22 ноябри соли 2016 чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои  5-11 оид ба мақому манзалати Парчами давлатӣ баромад карданд. Дар ҷамъомад як зумра мехмонон иштирок намуданд. Номзади илмҳои таърих Эркаев С. дар чорабинӣ баромад намуда оиди таърихи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар воқеъ Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кeҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатии Точикистон ҳамқадами соҳибистиклолии ватанамон буда, баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллй ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлати маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурой Олии Чумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Аз он рузе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату  ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид  фароҳам оварда шуд. Равобиту дустиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имруз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи чаҳонй парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Имруз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва накшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бигузор парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озодии кишварамон парафшонӣ кунад. Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидону парафшон бод.