Ба ифтихори 78 –солагии зодрӯзи шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва 20 – солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар доираи моҳвораи ҷавонӣ фестивал суруду таронаҳо аз ашъори ин шоири шаҳири миллат доир гардид.

Аҳмадҷони Раҳматзод, шоири Халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо тарҳи ҷадид мавриди истифода қарор гирифтани муассисаро армуғони хубе барои дӯстдорони илму адаб ва  ҷавонон арзёбӣ намуда, минбаъд баргузори шаби эҷодии шоирону ҳунармандонро дар ин боргоҳи зебо мужда дод.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кулли иштирокдорони фестивалро бо моҳвораи ҷавонон табрик намуда, ба кормандони муассиса дар фаъолияти минбаъда барор хост.

Матлуба Сатторзода,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҳамкориҳои густурдаи кумиҷроия бо муассисаи давлатии Қасри ҷавонон ёдовар шуда, афзуд, ки руҳи пурфутӯҳи устоди Лоиқ Шералӣ имрӯз шод гардид. Зеро қасри мӯҳташам азнавсозӣ шуда, имрӯз макони дӯстдорони ҳунари воло гардид. Сарҷамъ шудани ҷавонони фаъолу ҳунарманд пеши роҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлубро хоҳад гирифт.

Дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбари муассиса Иброҳим Иномӣ медали  ҷашнии 20 – солагии ҲХДТ тақдим карда шуд. Ба ду нафар аъзои нави ҳизб  Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ба собиқ роҳбарони муассиса, кормандони фаъоли муассиса, ҷавонони фаъол тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супорида шуд.

Собиқ сарвари муассиса Саидумрон Саидов зимни изҳори миннатдорӣ таклиф намуд, ки муассиса минбаъд соҳиби китобхона 

Суруду таронаҳои Искандар Файзиддинов, Нодирабегим Усарзода, Искандар Қаландаров, Дилшод Мамадов, Рустам Азимӣ, Ғолибҷон Юсупов, дастаҳои ҳунарии ДДҲБСТ ва ДДХ хотири аҳли нишастро шод намуд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт