Парчам ва парчамдорӣ – аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, арҷ гузоштан ба он – эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист. Ифтихор ва саодати бузургест, ки ҳамасола ин рўзи фараҳбахш дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомат, ифтихор аз ватану ватандорӣ таҷлил мегардад.

Ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи «Сомон» бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чораҷўиҳои бонуфузу хотирмон ба  вуқўъ пайвастанд. Аз ҷумла, санаи 22 ноябри соли 2016 ба шарафи ин санаи таърихӣ дар маъвои маърифат маҳфили бошукўҳи маърифатӣ – фарҳангӣ ташкилу баргузор гашт.

Назди ҳозирин ректори донишгоҳ, доктори  илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода  бо самимият суханронӣ намуд. Зикр рафт, ки имрўз Парчами миллӣ на танҳо ҳамчун як рукни муҳими рамзи давлатдорӣ ба расмият даромадааст, ҳамзамон, Парчам намунаи барҷастаи инъикоси таърих, фарҳанг, маданият, талошу муборизаҳои халқ барои озодӣ ва Истиқлолият, умеду ормонҳо, рукни муҳими ифтихори миллӣ маҳсуб гардида, дар маҷмўъ, чеҳраи миллати кўҳанбунёди тоҷик ва давлатдории онро  ифода  намудааст.

Мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонд. Дар Паёми табрикӣ  таъкид рафт, ки мардуми Тоҷикистон дар партави Парчами миллии хеш бо талошҳои рўзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ба  дастовардҳои азим ноил мегардад.

Баъдан, дар вазъиятӣ тантанавӣ ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин донишҷўён, ғолибони озмунҳои таълимию варзишӣ, гурўҳу факултетҳои пешсаф, беҳтарин роҳбарони гурўҳҳои академӣ, волидайни намунакор нишонҳо, Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Барномаи маърифатӣ – фарҳангии устодону донишҷўёни донишгоҳ, ки бо ширкати ҳаваскорони санъат, дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театр - студияи «Парвози истеъдод», гурўҳи рақсии «Хушхиром» ҷараён гирифт, бо ғояи баланди хеш дар хотири ҳозирин нақши муассир боқӣ гузошт.