Эълон гардидани соли 2017 –соли ҷавонон миёни сокинони мамлакат, хоса ҷавонон ҷонибдори комил ва рӯҳбаландии беандозаро ба миён овард. Онҳо аз ин иқдом шоду масрур гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.  Ҳамзамон омада ҳастанд, ки дар ҳифзи марзу Тоҷикистони соҳибистиқлол бетараф набошанд, дар фазои сулҳу суботи кишвар сарбаландона хизмати модар – Ватанро адо намоянд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд намояндагони он тасмим гирифтанд, к ибо ҷавонписарони ташкилоти ибтидоии «Ҳунарманд», ки соли оянда ба сину соли аскарӣ омода хоҳанд шуд, суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.