Рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии беморхонаи шаҳрии №2 вохӯрӣ доир намуд. Дар ин вохӯрӣ раиси кумиҷроия оид ба мазмун ва мӯҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуд. Инчунин дар як навбат ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба аъзоёни ҳизб якчанд дастуру ҳидоятҳо дода шуд.