Дар ташкилоти ибтидоии «Автобазаи махсуси санитарӣ» мулоқоти масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони ин муассиса баргузор гардид, ки он ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Дар ҷамъомад мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева З.С. суханронӣ карда, иброз дошт, ки хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, бунёдкориву созандагӣ, некӯаҳволии мардум бузург аст. Аз ан рӯ, моро лозим аст, ки ба қадри ин ташаббус, иқдом ва талошҳои пайгиронаву ҳадафманди Пешвои миллат бирасем, онро арҷгузорӣ намоем ва барои ривоҷу равнақи дастовардҳоямон бо меҳнати садоқатмандона ҷавоб диҳем.