Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаҳои 25, 26-уми феврал гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини аввали Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Анвар Ҷалилов фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ибтидоии онро аз санҷиш гузаронида, дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб натиҷабардорӣ намуд. Муовини аввали Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов фаъолияти дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро хуб арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки кормандони Кумиҷроия фаъолияти кории худро асосан тибқи дастуру супоришоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XII ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қарорҳои Конференсияи XI ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Қарорҳои Конференсияи XIV ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондаанд. Ҳамаи 45 номгӯи ҳуҷҷатҳои феҳрастӣ бо маводҳои зарурӣ мавҷуд буда, ҷаласҳои кумиҷроия ва раёсатҳои он дар вақташ баргузор гардида, протоколҳо вуҷуд доранд. Мактубу барқияҳои мақомоти болоии ҳизб сари вақт иҷро шуда, аз натиҷааш гузоришҳо омода карда шудааст. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ сол аз сол зиёд гардида, сафи аъзоёни ҳизб афзуда, ба сифатнокии он эътибори махсус дода шудааст ва нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят шаҳри Хуҷанд дар самти сифати афзоиши аъзои ҲХДТ дар ҷои аввал меистад. Бояд ёдовар шуд, ки пардохти аъзоҳаққӣ саривақт иҷро мегардад ва дар вилоят ягона кумитаи иҷроия, ки пардохти аъзоҳаққиро ба танзим даровардааст. Аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ ба кормандони Кумиҷроя якчанд дастуру супоришҳо дода шуда, барои бартараф кардани баъзе аз камбудиҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.