"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Ҳадафи Паём - фатҳи қуллаҳои мурод

Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии  “Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд” вохӯрии судманд баргузор гардид, ки нуктаҳои муҳими рушди мамлакат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АЗ ДАВЛАТСОЗӢ БА ДАВЛАТДОРӢ

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ, Саодат Аминҷонова,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва Маликисломӣ Наим Мунаввар бо ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқот анҷом

Паём муждарасони тансиҳативу солимӣ

Дар ташкилотҳои ибтидои Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ва Беморхонаи  клиникавии шаҳрии № 2 – и шаҳри Хуҷанд оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти намояндаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд профессор Абдумавлон Азимов доир гардид.

         Зимни баромад қайд гардид, ки  Ҳукумати  мамлакат, бо дарназардошти