Бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоартии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо иштироки ятимони кулл, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор шуд.

Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд. Бо арзи қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки хушбахтарин кўдакон дар кишвари офтобрўяи мо зиндагӣ доранд. Зеро шурўъ аз Асогузори  сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то мардуми оддӣ нисбати ояндаи кўдакон бефарқ нестанд. Тавассути сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат танҳо дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҳазорҳо дабистон, муассисаҳои таълимии президентиву кўдакистонҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Гузашта аз ин Президенти мамлакат зимни сафарҳои кории худ ба ин ё он минтақа ҳатман аз ҷараёни таълиму тарбияи толибмон дидан намуда, зимни пурсиш арзи дили толибилмонро мешунаванд. Сўҳбатҳои гарму самимии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки Президент кўдаконро бо самимият дўст медоранд. Хусусан Сарвари давлат беҳтар намудани вазъи шароити зиндагии кӯдакони ятиму бепарасторро дар мадди назари хеш қарор додаанд ва онҳо ҳеҷгоҳ худро яккаву танҳо эҳсос намекунанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти худ дастгири ятимону камбизоатонро дар мадди аввал гузошта, мекўшад бо баргузории чорабиниҳои мухталиф кўмакрасони онҳо бошад.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик карда, зикр намуд, ки «ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин ид тақрибан дар тамоми мамлакатҳои сайёра ҷашн гирифта мешавад ва ҳамеша ин санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем».