Санаи 20-уми ноябр бахшида ба рӯзи Парчам дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, «Факултаи молия», «Кафедраи молия ва қарз» дар доираи баргузории ҳафтаи кафедра семинар дар мавзӯи «Қобилияти зебоипарастӣ дар мафкураи донишҷӯдухтарон» баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад Бо назардошти воқиф намудани донишҷӯдухтарон аз мавҷудияти Қарору Фармонҳо ва қабули Барномаҳои давлатӣ оиди баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа мудири шӯъба дар баробари кушода додани мафҳуми зебоипарастӣ ва даъват намудани донишҷӯдухтарон ба рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек дар бораи ин ҳуҷҷатҳои барои занон ниҳоят муҳим маълумот дод.