Дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масоили матраҳшуда кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрўз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум хузури сиёсии ТЭТ ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд.

Имрӯзҳо гурӯҳи ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар берун аз марзи ҷумҳурӣ масалан дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ боз кашидан мехоҳанд. Бо баробари ин, барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Инчунин барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ низ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд.

Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои таълимӣ бахусус ҷавонон ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда, ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиклолияти давлатии Точикистон мухимтарин дастоварди миллати мо дар тулли хазор соли охир аст, ки хифзу гиромидшти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии чахони муосир аз мо беш аз харвакта хушёрии сиёсиро такозо менамояд.

 

Исмоил Ҷабборӣ

Аъзои ТҶҶ “Созанлагони Ватан”

 дар шаҳри Хуҷанд