Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба муносибати Соли нави мелодии 2019 дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 8000 нафар сокинони шаҳр табрику муборакбод карда шуда, варақаҳои табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба онҳо тақдим карда шуд.

Соли нави 2019 муборак, ҳамҳизбиёни гиромӣ!