Дасту хайру савоб кушодан, амали эҳсонкорӣ, кӯмак намудан ба нафарони яккаву танҳо, шахсони барҷомонда ва пиронсолон аз амалҳои неку савоби моҳи мубораки Рамазон маҳсмуб меёбад

Субҳи рӯзи шанбе дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб таҳти роҳнамомии раиси кумиҷроияи вилоятӣ Сатториён Матлубахон Амонзода як гурӯҳ ҷавонони фаъоли аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”- и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд Олимҷон Нурматов дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳр  хонаҳои шахсони пиронсолу барҷомондаро тозаву озода намуда, ҳамчунин кӯчаҳои ҳудуди маҳалларо аз алафҳои бегона, партову дигар маснуотҳо тоза намуданд. Ин амали инсондӯстонаи онҳоро пирони барнодили маҳалла хуш истиқбол намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ расониданд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз василаҳои солимӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аст. Маҳз ҳамин гуна ташаббусҳои некбинона метавонад барои тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат намояд.