Рӯзи гузашта бахшида ба Рӯзи байналмиллалии саломатӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳои тиббии маркази вилоят аксияи «Дар мубориза бо диабети канд муттахид мешавем гузаронида шуд. Мақсади баргузории чорабиниро масъулини соҳа дар пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳангу саломатии ҷомеъа арзёбӣ менамоянд. Барои дар сатҳи баландӣ ташкилӣ доир гаштани ин чорабинии маърифатӣ тиббӣ фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2016, №226 «Дар бораи баргузорнамудани чорабинии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рузи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ба имзо расида ҳамзамон ин аксияро тадбирҳои тибқи барномаи вилоятии «Соли 2016- Соли фарди солим» андешидашуда марбут медонанд. Давоми рӯз дар тамоми муассисаҳои тиббии шаҳр аз муоинаи тиббӣ 3150 нафар шаҳрвандон гузаронида шуданд. Ҳамчунин 968 нафар ташхиси лабараториро гузашта, 201 нафар тариқи сабти барқии дил 293 нафар тариқи «ултрасадо (УЗИ)» ва 359 нафар тавассути ташхиси рентгенӣ аз саломаттии худ огоҳ шуданд. Лозим ба қайд аст, ки давоми рӯз сокинони шаҳри Хуҷанд имкон доштанд аз тамоми намуди хизматрасонии ин муассисаҳои тиббӣ ройгон истифода баранд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 8491
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 8417
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 6622
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 6456
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 5881
-
МЫ В СОЦИАЛЬНЫХ СЕТЯХ!2023-09-23 46
-
шаҳри Душанбе2023-09-15 109
-
Роҳ ба сӯи мактаб2015-08-19 1185
-
Паём раҳнамои ҷомеа2020-01-06 848
-
Ваҳдати миллӣ2015-06-26 1369
-
САРБАЛАНДИҲОИ МО АЗ САРБАЛАНДИИ ВАТАН2019-02-13 1122
-
Артиш бақои давлат аст2021-02-22 632
Меҳмонон