Дар ташкилоти ибтидоии таваллудхонаи вилояӣ рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Мафҳуми терроризм ва экстремизм Мубориза бар зидди он» доир гардид. Мудири бахши кор бо ҷавонони беморхона Х.Турсунова зимни баромадаш зикр дошт, ки терроризм - зуҳуроти хатаровар бар ҳаёти ҷомеа буда, таҳдид, тарсу ваҳм, қатлу куштор ва харобиҳоро ба сари инсоният меорад ва хилофи қонуну меъёрҳои осмониву заминӣ мебошад. Чӣ тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд қайд кард, ки донишмандон ва олимони мамолики аврупоӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи омилҳои падидойии ин падида пардохтанд, зеро бефарқӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуб омили нобут гаштани ҷомеаи башарӣ мегардад.  Бинобар ин, мо узви ногусастаи ҷамъият ҷиҳати пешгирӣ ва муҳофизати мардуми бошарафи миллати хеш камари ҳиммат баста, бояд қувваи ақлӣ ва зеҳнии худро баҳри аз байн бурдани ин падидаи хонумонсӯз истифода барем.

Баромадкунандагон низ зимни суханрони даъват ба амал оварданд, ки ҷавонони ҳушманду соҳибақл бояд ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 49 нафар аъзоёни нави ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.