Зимни як роҳпаймои таҳти унвони “Мо ҷавонон терорризм ва эксремизмро маҳкум мекунем!”субҳи имруз наздики 14000 ҳазор ҷавонон ба кӯчаву хиёбони шаҳри Хуҷанд баромада, аз назди тарабхони “Суғдиён” то театри давлатии мазҳака ва мусиқии Камоли Хучандӣ роҳгардӣ намуданд. Ин иқдом бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят роҳандозӣ гардида, ҳадафаш баланд бардоштани мафкураи сиёсии ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи таассубу хурофотпарастӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мебошад.

Роҳпаймудагон бо ифтихори баланди миллӣ дар даст шиорҳои даъватӣ ҳамсолони худро ба он даъват менамуданд, ки барои решакан кардани равияҳои хилофатангез якҷоя кӯшиш ба харҷ баранд. Маврид ба зикр аст, ки дар роҳпаймоии мазкур аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд низ иштироки фаъолона  намуда, пештози ин ташаббус буданд.

Чунин тадбирҳо воқеан ҳам ҷавононро зери як идеяи миллӣ сарҷамъ сохта, онҳоро ба ваҳдату ягонагӣ раҳнамун мекунад.