Ҳамдиёрони азиз!

 

Бо ифтихор ва фараҳмандӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки бо ҳам тавъам омадааст, табрику муборакбод менамоем. Бигзор дар хонадони ҳар яки шумо сулҳу осоиштагӣ, ободиву оромӣ ва баракоти зиндагӣ ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Бо шарофати ҷасорату иродатмндӣ ва хиради  волои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон давлат аз фаноёбӣ наҷот ёфта,  дар  қалби мардум шӯълаи умед барои фардои неку босаодат бедор гардид.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Ин фахри миллати мост.                               Рўзи ид муайян кардани рўзи 16 - ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бо мароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.                            Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев  баргузор гардида,  он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин ин анҷумани саодатофар заминаи мусоиде барои рушду нумўъи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.                                       Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.                                                     Бо Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро  самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракот ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!