Кишвари мо, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст, то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан надошта, мехоҳанд, ки фазои  орому софи  моро вайрон намоянд. Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Имрӯз, ки Ҳукумати Ҷумҳуриамон барои баланд бардоштани нархи симкортҳо ташаббус менамояд, мо низ ин иқдоми ҳукумати мамлакатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем ва бо изҳори қаноатмандӣ иброз менамоем, ки танҳо ҳамин тадбир метавонад, низоми баҳамоии тартиботи сиёсиро ҳам дар дохил ва  ҳам дар хориҷи кишвар ба ҷо орад. Мо медонем, ки ин омил барои пешгирии ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб дар миёни аҳолӣ, хосатан истифодабарандагони симкортҳо равона гардидааст. Имрӯз истифодаи васеъ ва бемаҳдуди симкортҳо, ки барои харидории он маблағи ночизе сарф мегардад, аксар ҷавонон ва истифодабарандагони онро гумроҳу фирефта намудааст, яъне бо воситаи симкорт ба сомонаҳои иҷтимоӣ эшон ворид гардида, хабарҳои бемантиқу бемаънии гурӯҳҳои ифротиро мехонанду видеороликҳои ифротиро тамошо менамоянд. Агар тоифае аз онҳо дарки асосии чунин ахборотро пайдо намоянд, баъзеи онҳо аз нодурустфаҳмии худ аз он пайравӣ менамояд. То кунун ба ҳолатҳое вохӯрдем, ки бо воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ ҷавонони моро ба ҳар гуна роҳҳои бад бурда, онҳоро бо роҳи фиребу найранг ба гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ ворид сохтанд. Бо чунин амали зишти хеш ҳаёти чандин нафар аз ҷавононро барҳам дода, эшонро ба доми макру фиреби худ кашиданд.

Боло бурдани нархи симкортҳо дар Тоҷикистон ба ҳадде айни муддаост, ки ҳоли ҳозир низ тарафҳои мухолифатпазир ба оромии сиёсии мамлакати мо тавассути шабакаҳои интернетӣ ҳар гуна хабарҳои бемантиқ паҳн карда, ба оромии сиёсии мо халал ворид намуда истодаанд. Аз ин лиҳоз ҳар қадар, ки нархи симкортҳо баланд бардошта шавад аз беҳудаистифодабарӣ мардум даст мекашанд ва ба ҳамин тариқ тартибот низ дар ҷомеа ба таври зарурӣ ҷорӣ мегардад. Ва сафи онҳое, ки ҳатто ба хориҷиён аз номи худ симкортҳоро харидорӣ менамуданд, бардошта мешавад.

Ҳоло аз изҳороти баъзе нафарони аз мамлакат берун ҳайрон мемонем, ки ба қонуни ё ғайриқонуни будани  ин иқдом ба эшон чи зарурат овардааст, ки ақидаҳои зиддидавлатиро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд. Аввал ин, ки ин ташаббус барои батартибдарории низоми истифодабарии симкортҳо дар миллат аст, на барои ин ки ғазаби дигаронро биёранд. Масъалаи рӯзи 31 августро чун рӯзи Бойкоти симкортҳо эълон намудани онҳо худ аз иғвоангези миёни мардуми кишвар шаҳодат медиҳад. Мақсади асосии онҳо фикри киссаи мардум нест, балки фикри манфиати худашон аст. Ин болоравии нарх дар Тоҷикистон ба киссаи мардум зарар меорад ва халқро ба бепулӣ меорад, танҳо восита асту баҳонае барои пешравии кори худ. Барои он, ки паҳни ташвиқоти бемаънии  хеш бо воситаи ҳамон симкортҳои бешумуре, ки имруз мо онро хеле васеъ истифода менамоем, ба авҷи боло равад.

Дар итмоми сухан иброз менамоям, ки набояд касе зидди ин ташаббуси пешгирифтаи Хадамоти алоқа гардад. Зеро танҳо ҳамин омил метавонад, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи сиёсӣ дар ҷомеа кӯмак намояд. Мо ҳама тарафдори он ҳастем, ки бигзор ҳамин тадбир роҳандозӣ гардад ва миёни ҷавонон ақидаҳои истифода шабакаҳои интернетӣ ба кас роҳатбахш ва дигар афкорои бегона аз байн равад. Итминони комил дорем, ки бо ин васила садди роҳи чанде аз амалҳои номатлуби мухолифинро гирифта, ҳаёти осоиштаи мардумро барқарор хоҳем кард.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Хуршед Худойбердиев,

номзади илмҳои математика,

дотсент, мудири кафедраи барномарезии ДПДТТ