То тухми Инсон дар рӯи замин кошта мешавад ва он нашъунамо меёбад, мавзӯъҳои меҳру муҳаббат, шафқат, некиву накӯкорӣ, соховату ҳимматбаландӣ аҳамияти хешро гум нахоҳанд кард.

Дар рӯзҳои ҳумоюнии Наврӯзӣ дасти меҳрубониву саховат, дароз намудан ба кӯдакон аз наҷибтарин хислатҳои башарӣ маҳсуб меёбад, ки нуктаи меҳварии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд» ҷашни Наврӯзи байналмилал баргузор гардид, к ибо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти мазкур Моҳира Саиднасуллоева баромад намуда, ҳозирин, алалхусус, кӯдаконро бо ҷашни миллӣ табрик гуфт ва риштаи суханро ба Раиси МИҲД – и шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дод. Раиси шаҳри Хуҷанд иштирокдорони ҷашнро бо Иди фаррухпай шодбод гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ба кӯдакон тӯҳфаҳои идона ва ба аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ Сипосномаи кумиҷроияро супорида, Наврӯзи дилафрӯзро хайрамақдам гуфта, дуруду паёми ҳизби созанда ва бунёдкорро ба ҳозирин расонид.