Бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, аъзоёни кумиҷроия ва фаъолони ҳизб ҷаласаи ғайринавбатии Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Раиси кумиҷроия Бахтиёр Исматҷонов чорабиниро оғоз бахшида, ҳозиронро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Аз рӯи масалаҳои рӯзномаи маҷлис ахбороти муовини раиси кумиҷроия оид ба рафти вохӯриҳо бо аъзоёни ҲХДТ, сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, нашъамандӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ахбороти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Савр, №3 Азимова Моҳира Абдуаҳатовна оид ба татбиқи барномаи пешазинтихоботӣ шунида шуд.

Дар идомаи ҷаласа аъзоёни кумиҷроия дар асоси банди 4.13 Оинномаи ҲХДТ рӯз ва макони баргузории Конференсияи XXIX ғайринавбатии ҳизбро бинобар пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда муайян ва тасдиқ намуданд. Ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор шуданд, ки то санаи 29 майи соли равон тибқи ҷадвали тасдиқгардида вакилони худро барои иштирок дар Конференсия интихоб намуда, ба кумиҷроия нусхаи протоколҳои маҷлисҳоро пешниҳод намоянд.

Инчунин дар рафти маҷлис тасдиқи фармоиши раиси кумиҷроия оид ба таъсиси Ситоди “Обуна – 2024” ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Шафақ” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.