Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Дармонгоҳи дандонпизишкии вилояти Суғд собиқадорони меҳнат, собиқ кормандони дармонгоҳ Раъно Раҳмоноваи 89-сола ва Холбой Ҳасанови 82- сола дар арафаи Иди саиди Рамазон ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ аёдат карда шуда, онҳо тўҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин аёдат мудири шўъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Зеварой Бобоева ширкат карда, собиқадоронро барои хизматҳои шоистаашон дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ изҳори миннатдорӣ намуд.