Ҷиҳати тақвият додани корҳои дохилиҳизбӣ баҳри бартараф намудани камбудиву норасогиҳо дар ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони кумиҷроияи шаҳр бо маром идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки бо дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва кумиҷроияи вилояти Суғд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳафтаи аввали  ҳар моҳ тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ гузаронида мешавад. Аз ин лиҳоз дар оғози июл низ кормандони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи тақсимот ба якчанд ташкилотҳои ибтидоӣ ташриф намуданд. Аз ҷумла муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино” дар назди беморхонаи клиникавии №2-и шаҳри Хуҷанд ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова аз коргузории ташкилоти ибтидоии “Парасту”, ки дар назди  дар назди ширхоргоҳ – кӯдакистони №40 фаъолият дорад,  дидан карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва дастуру супоришҳо дода шуд.

Мақсад аз ин корҳои тақвиятӣ  ин баҳри пешбурдан ва тақвияти фаъолияти ташкилотҳои  ҳизбӣ, вусъати корҳои дохилиҳизбӣ,  ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа мебошад.