Имрӯз  5 октябри соли 2016 тибқи нақшаи корӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов аз ташкилоти ибтидоии «Бозори Панҷшанбе» дидан намуд.

Айни замон дар ташкилоти ибтидоии «Бозори Панҷшанбе» 103  нафар аъзоёни ҲХДТ ба қайд гирифта шудаанд.

Ташкилоти ибтидоӣ дорои утоқи кории алоҳида буда, дар он гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Инчунин ҷевон барои ҷо ба ҷо гузоштани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавҷуд аст.

Зимни санҷиш маълум гардид, ки мувофиқи феҳристи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб пешниҳод карда шудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд.

Сипас, аз ҷониби мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти кории комиссияи кор бо ҷавонони ташкилоти ибтидоӣ якчанд маслиҳату дастурҳо дода шуд.