Дар доираи эълон гардидани «Соли Ҷавонон» ва Рӯзи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар миқёси шаҳри Хуҷанд якчанд силсила чорабиниҳо баргузор гардида истодааст.

Имрӯз 11 майи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Гулчини маърифат» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фестивал - озмун таҳти унвони «Ҳоло ки ман ҷавонам…» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, сармутахассиси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруфзода Маъбуд ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» -и Кумитаи иҷроияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳамрохон Атаева ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар фестивал озмун хонандагони синфҳои болоӣ фаъолона ширкат варзида, маҳорати хешро дар пухту пази хуришҳо ва оши палов нишон доданд. Баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он якчанд санъаткорони варзидаи вилоят сурудхонӣ намуданд

Дар фарҷом Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва Соли ҷавонон табрику муборакбод намуд.