Доир ба фаҳмондадиҳии сабабҳои ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 бо истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи Сари Баландӣ вохӯрӣ доир карда шуд. Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова, сармуттахасиси шӯъбаи маорифи шаҳр Акрам Аслонов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Сари Баланд Фазлиддин Шарипов ширкат варзида, оид ба баргузории Раъйпурсии умумихалқӣ ва бандҳои тағироту иловаҳо ба Конститутсия ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмониданд.