Ҳамшаҳриёни азиз!

Пас аз чанд рӯз, аниқтараш пас аз соатҳои башумор мо бо соли 2015 падруд гуфта, бо дастовардҳои шоён ва диду назари хосса соли нави мелодии 2016- ро истиқбол мегирем. Соли 2015 новобаста аз мушкилиҳои иқтисодиву сиёсии арсаи ҷаҳонӣ барои миллати мо чун соли накӯ ва файзрез дар хотираи таърих боқӣ хоҳанд монд. Зеро мардуми ватанпарасту ваҳдатшиори кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ бо меҳнати суботкоронаи хеш саҳме дар бунёди қасри мӯҳташами Истиқлол гузоштанд. Дар оғози соли нав ироа шудани Паёми Президент ҳамчун дастури раҳнамоӣ самтҳои фаъолияти моро муайяну мушаххас намуд. Баргузории интихобот ба Маҷлисҳои оливу маҳаллӣ шаффоф ва одилона баргузор гардида, аксари сокинон ба ҳамовозии кулл ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намояндагони он овоз доданд. Тантанаҳои наврӯзии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, Хуҷандшаҳри азизу дилорои мо макони баргузории чорабиниҳои асосӣ гардид. Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва таҳти роҳнамоиҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ мо фаъолиятро дар самти ҷалби аъзои нав, таҳкими ташкилотҳои ибтидоӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ вусъат бахшидем. Алҳол шумораи аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба 13 ҳазор расида, онҳо дар 171 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд.

Як бахши асосии кори кумиҷроия ин қабули муроҷиати шаҳрвандон буд, ки мо тавонистем дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва комиссияҳои доимоамалкунадаи вакилони халқ ин тадбирро мунтасил ба роҳ монем. Зеро рисолати ҳизб бо халқ будану барои саодати он кӯшиш варзидан аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки соли рафта истода дар ҳаёти сиёсии кишварамон чӣ қадар рӯйдодҳо доир шуданд. Махсусан санаи 9 декабри соли 2015 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» -ро мардуми кишвар бо хушнудӣ пазируфта, бори дигар аз хизматҳои арзандаи Президенти кишвар ёдовар шуданд. Дар қатори ҳазорҳо ҷавонони бо нангу ори кишвар ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд низ ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр баромада, ҳамовозии худро бахшида ба ин қонун иброз доштанд. Мо аз Президенти худ ифтихор дорем ва минбаъд низ барои пешрафти кишвари азизамон кӯшиш хоҳем кард. Дар ин фурсатҳои басо гуворо аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ ҳамаи Шумоёнро бо соли нави 2016 оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз самими дил табрик гуфта, дар кору рӯзгоратон барор хоҳонам.

Соли нав муборак!