Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон мусобиқаи кушоди Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд аз рӯйи намуди баскетбол ба хотири  ёдбуди полковники Вазорати корҳои дохилӣ, иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ Абдуллоҷон Шамсиев санаҳои 11‑15 байни духтарон доир гардид.

         Мусобиқа дар толори варзишии Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, мақсад ва вазифаи баргузории он тарғибу ташвиқи намуди баскетбол байни бонувон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин иборат буд.

Дар мусобиқа варзишгарони Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят, дастаҳои яккачини ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров,  мактаби варзишии № 1‑и шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Духтарони баскетболбози Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бори нахуст дар ин мусобиқаи вилоятӣ ширкат варзида,  сазовори ҷойи якум  ва бо Ҷом, медал, туҳфаҳою ифтихорномаи Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.