Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, аъзоёни кумиҷроия ва фаъолони ҳизб ҷаласаи ғайринавбатии Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро оғоз бахшида, ҳозиронро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Аз рӯи масалаи якуми кори ҷаласа -  дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Азимова Муқаддас Ёдгоровна гузориш дод. Зимни баромад қайд шуд, ки фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр вобаста ба бемории сироятии коронавирус боз ҳам ҷонноктар шуда, дар ин давра бо мақсади расонидани иттилооти воқеӣ оиди беморӣ, ҳамчунин расонидани кӯмакҳои моддӣ як зумра корҳои неку шоиста анҷм дода шуд. Дар ин давра тавассути қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумиҷроии шаҳрӣ муроҷиати 594 нафар шунида шуда, барои ҳалли он ва то мақомотҳои марбута расонидани мушкилиҳои онҳо вакилон ба сифати роҳнамо фаъолият намуданд. Мушкилиҳои умдаи рӯз – дастраси ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмаки молиявӣ, чароғонкунии маҳаллаҳо, дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ дар маҳаллаи 30- ум аз масъалаҳои ҳалталабе, буданд, ки ниёзмандон муроҷиат намуданд.

Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ” Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни музокира баён дошт, ки мушкилии паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус як андоза вакилонро бо мардум наздиктар намуд. Дар ин рӯзҳои ҳассос вакилон ба кӯмаки интихобкунандагон шитофта, маҷмӯан ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида, ҳамзамон дар дапстраскунии ройгони ниқобҳо ва маҳлулҳои антсептикӣ мусоидат намуданд. Маҳз қисмати зиёди вакилонро ташкил намудани ҷавонон ва занон имкон фароҳам овард, ки онҳо бештар бо мардум дар мулоқот бошанд ва аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ бошанд.

Дар идомаи ҷаласа аъзоёни кумиҷроия дар асоси банди 4.13 Оинномаи ҲХДТ рӯз ва макони баргузории Конференсияи XXIV ғайринавбатии ҳизбро бинобар наздик омадани маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи президентӣ муайян ва тасдиқ намуданд.  Ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор шуданд, ки то санаи 18 август тибқи ҷадвали тасдиқгардида вакилони худро барои иштирок дар Конференсия интихоб намуда, ба кумиҷроия нусхаи протоколҳои маҷлисҳоро пешниҳод намоянд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ ташкили Ситоди пешазинтихоботӣ бо мақсади тайёрӣ ва дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, шаффофу демократӣ доир намудани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гитрифт.

Бо натиҷагирӣ аз рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Сухани халқ” ва “Минбари халқ”  ва қабули қарорҳои дахлдор ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.