Модарону хоҳарони азиз! Фарорасии ҷашни баҳору зебогӣ, таҷлили яке аз санаҳои фархундапай- Рӯзи Модарро барои Шумоён аз номи кулли аъзо ва пайравони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сидқан муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ хонаву дари обод ва муҳаббату самимияти томро таманно дорем. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон нақш ва манзалати зан дар ҷомеа сол то сол боло рафта, дар ин росто роҳандозӣ шудани чандин барномаҳо оиди беҳдошти вазъи ҳуқуқӣ ва ниҳоят ба тавсибрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» чандин монеаву мушкилиҳои бонувони тоҷикро аз байн бурд. Дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омадааст, ки тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои ҳизб маҳсуб мешавад. Боиси хушнудист, ки мо марҳила ба марҳила ба ин ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расида истодаем. Далолати гуфтаҳои болоӣ он аст, ки имрӯз дар парлумони кишвар аз ҳисоби ҲХДТ сафи бонувони масъулиятпеша афзуда, дар шаҳру навоҳии кишвар яке аз муовинҳо бар дӯши занон аст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ дар пайгирӣ аз иқдомҳои наҷибонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳу ғамхориро нисбати бонувон зиёдтар менамояд. Ҳоло аз 13670 нафар аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд 8645 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки бешубҳа нерӯи бузурги созанда маҳсуб мешавад. Занони фаъоли ҳизбӣ дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, эҳёи анъанаҳои хоси мардумӣ, тараннуми зебогӣ ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Мо ба ақлу дониш, заковату худшиносии бонувон ва духтарони ҳизбӣ боварии комил дошта, итминони комил дорем, ки онҳо минбаъд низ бо меҳнати садоқатмандона, хониши намунавии худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҳизб дар ҷомеа саҳм мегузоранд. Эҳсос мешавад, ки онҳо Ватани худро дӯст медоранд. Бигзор ҳамин меҳру муҳаббат, садоқат ва масъулият ҳамеша дар кишварамон пойдор бошад. Ба Шумо модарону хоҳарони азиз хушбахтию хушрӯзӣ, сиҳатмандию пирӯзӣ, дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои беназир таманно дорем.