Бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи андоз дар ташкилоти ибтидоии Раёсати андози вилояти Суғд ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов иштирок намуда, кормандони соҳаи андозро бо иди касбиашон муборакбод карданд. Ҳамчунин ба якчанд нафар кормандони пешқадам ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои Раиси вилоят ва кумиҷроияи вилояту шаҳрии ҲХДТ супорида шуд.