Наврӯз пайвандгари наслҳои пешину имрӯз буда, моро водор месозад, ки суннатҳои аҷдодии хешро ба ёд орем, аз он сабақ омӯзем, аз нишебу фарозҳои таърихи ниёгон бохабар бошем. Наврӯз рамзи рӯшноиву сарсабзист. Наврӯз ҷаҳонро аз қабзаи торикӣ раҳоӣ бахшида, ба дасти рӯшноӣ месупорад. Бо шарофати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат , Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз байналмилалӣ гардида, ҳар сол бо рангубори тозае, шукӯҳу шаҳомати хосае ва бо тадбирҳои навине таҷлил мегардад. Ва Суғди куҳанбунёду Хуҷанди бостон аз ин истисно нест. Дар доираи идомаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз ва ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми апрел дар асоси нақшаи муштараки шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд маҳфил-озмуни «Канӣ духтарҳо!» дар мавзӯи «Олам аз даъвати Наврӯз сафое дорад»ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он занони барӯманди шаҳри Хуҷанд, собиқ ходимони ҳизбию давлатӣ, аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Роҳбарияти идораҳои давлатӣ аз ҳисоби занон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби занон, раисони комиссияҳои кор бо занони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, кормандону касбомӯзони Маркази таълимӣ иштирок намуданд. Озмун аз рӯи 4 шарт: 1.Муаррифии дастаҳо ва Саломнома 2.Иҷрои ягон намунаи ҳунар: рақс ё суруд 3.Нишон дода тавонистани анъанаҳои миллӣ: маъракаи Келинбарон ва хондани суруди «Ёр-Ёр» ва «Нақшхонӣ»; Гаҳворабандон ва хондани суруди «Алла»; Маъракаи «Суманакпазӣ» ва «Тақлидкорӣ» 4.Оростани дастурхони наврӯзӣ ва қабули меҳмонон- роҳандозӣ шуда, дар он 7-даста: 1.Дастаи гурӯҳи муҳосибӣ бо номи «Дилафрӯз» 2. Дастаи гурӯхи оператори ОАК таҳти унвони «Гулбаҳор» 3. Дастаи гурӯҳи дӯзанда таҳти унвони «Парасту» 4. Дастаи гурӯхи қаннодӣ таҳти унвони «Олиҳа» 5. Дастаи гурӯҳи муҳосиб таҳти унвони «Наврӯз» 6. Дастаи гурӯҳи кешбофӣ таҳти унвони «Навбаҳор» 7. Дастаи гурӯҳи ороишгари мӯй таҳти унвони «Баҳор» ширкат варзиданд. Дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади мусоидат намудан дар таъмини пойдории оила, ҷалби ҳар чӣ бештари занону ҷавондухтарони бекор барои аз худ кардани ҳунарҳои аҷдодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати молиявӣ (оқилона муомила кардан бо пул), одоби рӯзғордорӣ ва кадбонугӣ, фароҳам овардани шароит барои касбомӯзии духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо ва дар ин радиф бо ҷавонзанону ҷавондухтарон омӯзонидани машқи ташаккули маҳорати гуфтани «Сухани сеҳрнок», одоби муошират, рӯзғордорӣ ва омӯзонидани банақшагирии буҷаи оилавӣ ташкил карда шуда, модарони собиқадор ва ашхосони таҷрибаи бои зиндагидошта, кадбонуҳои беҳтарин, мутахассисони варзида, монанди Мӯминова Наимахон, Биҳоҷал Раимова, Шуҷоат Ҳаснова, Рафоат Бобоева, дар бораи маърифати оиладорӣ маълумотҳои зарурӣ дода, сирри мустаҳкамии оиладориро бо роҳи пурсишу посух ба ҷавонон омӯзонданд. Маҳфил-Озмуни «Канӣ духтарҳо» дар сатҳи лозима баргузор гардид, ки дар он саҳми Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби Маркази таълимӣ Мунаввара Дадобоева назаррас буд.