Дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, барқарор намудани робитаи доимӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ маҳсуб шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ         (ш. Душанбе, 07.02.2019) вобаста ба ин масъала чунин вазифагузорӣ намуданд: “Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобар ин, робитаро бо онҳо бояд мустаҳкам кунем ва ба назди онҳо гурӯҳҳои таблиғотиро сафарбар намоем.

Ин амал барои тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст.

Корро тавре ташкил бояд кард, ки муҳоҷирон пайванди худро бо Ватан ва халқи худ ҳамеша эҳсос намоянд ва дарк кунанд, ки онҳо дар мадди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демокатии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамчунин бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда робита барқарор намуда, нерӯи зеҳнии онҳоро барои ободии Ватан истифода бояд кард”.

Бо мақсади иҷрои ин вазифагузорӣ ва дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи мактуби расмии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба унвони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, даъватномаҳои Комиссия оид ба муносибатҳои миллӣ ва озодии виҷдони Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск ва Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон бо номи “Ҳамватан” санаҳои 18 – 28 март ба вилояти мазкур сафари корӣ анҷом додам.

Ҳадаф аз ин сафари корӣ боздид бо ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷики дар он ҷо таҳсилкунанда, бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва шинос шудан бо вазъи зиндагию фаъолияти онҳо, иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ, тақвият бахшидани робита бо Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск, шуъбаи минтақавии ҳизби “Единая Россия” ва Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон бо номи “Ҳамватан”, табодули таҷриба ва мусоидат ба густариши ҳамкориҳои минбаъда буд.

 

Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск аз рӯи вазифаю функсияҳои худ ба Шӯрои ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии мо монанд мебошад ва дар самти таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа корбарӣ менамояд. Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон бо номи “Ҳамватан” бошад, таҳти сарварии Муриватшо Маликшоев дар самти сарҷамъ сохтани ҳамватанони бурунмарзии мо, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳалли мушкилот ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, муаррифӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳангу маданияти баланди миллати тоҷик корбарӣ менамояд.

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида ба ҳолати 1 марти соли равон дар ҳудуди вилояти Иркутск наздик ба 4 ҳазор нафар тоҷикистониён зиндагӣ дошта, ҳамасола наздик ба 35 ҳазор нафар ҳамватанонамон бо нияти муҳоҷирати меҳнатӣ, тиҷорату савдо, сайру саёҳат ва ғайра ба ин вилоят рафтуомад мекунанд. Агар соли 2018 барои пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ба 6821 нафар шаҳрвандони ҷумҳурии мо патент дода шуда бошад, ин нишондиҳанда дар давоми ду моҳи соли 2019 ба 443 нафар мерасад.

Дар доираи сафари корӣ мулоқоти нахустин бо сарвари Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск оид ба муносибатҳои миллӣ ва озодии виҷдон Гордин Алексей Анатольевич доир гардид, ки дар он намояндагону коршиносон ва аъзоёни палатаи мазкур, аз ҷумла муфтии вилоят, ҳамзамон имом – хатиби масҷиди ҷомеи вилояти Иркутск Мингалеев Фарит Мирзагитович иштирок доштанд.

Зимни суҳбат аз он изҳори хурсандӣ кардам, ки Федератсияи Русия шарики стратегии кишвари мо мебошад ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷонибаамон самараи нек ба бор оварда истодааст. Сарвари Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутск оид ба муносибатҳои миллӣ ва озодии виҷдон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки нисбати ҳамватанони бурунмарзии мо назари нек доранд ва ташкилотҳои ҷамъиятии минтақа дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои онҳо тадбирандешӣ менамоянд.

Дар рафти мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи сарвари шуъбаи минтақавии ҳизби “Единая Россия” Уватова Ольга Дмитриевна ва муовини аввали сарвари шуъбаи минтақавии ҳамин ҳизб Мясников Дмитрий Александрович бо рафти фаъолияти ҳизбӣ дар минтақа ошноӣ пайдо намуда, табодули назар намудам ва аз таҷрибаи кори ҳамдигар бохабар шудем. Аз ҷониби онҳо таъкид гардид, ки ҳизби мазкур ба мисли ҲХДТ бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ дар кишвари Русия мебошад ва ба ҳайси нерӯи тавонои пешбарандаи ҷомеа эътироф шудааст.

Дар доираи сафари корӣ ба камина шарафи ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок намудан дар баимзорасонии Созишномаи байни палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Иркутск низ насиб гардид. Дар асоси супориши роҳбарияти вилояти Суғд дар ҳамроҳӣ бо раиси Иттифоқи савдо ва саноати “Восточная Сибирь” А. И. Соболь Созишномаи мазкурро ба имзо расонидем, ки ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ҳар ду вилоятро барои имсол ва солҳои минбаъда муайян менамояд.

Мулоқот бо муовини раиси шаҳр ва раиси маҷлиси шаҳрии вакилони халқ – Думаи давлатии шаҳри Ангарск дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт. Аз гуфтаҳои муовини раиси шаҳр Сосина Марина Степановна маълум гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони тоҷик дар пешрафту ободии ин шаҳри саноатӣ нақши муҳим доранд. Мавсуф ташрифи намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва шинос шудани бо вазъи зиндагию фаъолияти ҳамватанони бурунмарзиро падидаи нек ва далели ғамхории давлату қукумат нисбати онҳо арзёбӣ кард.

Дар рафти суҳбат бо сарвари Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Иркутск бештар ба масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва таъмини муҳоҷирати бехатари онҳо эътибор дода шуд. Мавсуф зикр дошт, ки дар муқоиса бо чанд сол пеш айни замон муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои муҳоҷиратро хубтар медонанд, кӯшиш менамоянд, ки бо омодагии хуб ба муҳоҷирати меҳнатӣ оянд. Ҳодисаҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст задан ба ҷинояткорӣ ба назар намерасад. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои амниятию қудратӣ ва сохторҳои давлатӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ягон хел фишору зӯроварӣ ҷой надорад. Ин гуфтаҳоро баъдан дар рафти мулоқот худи ҳамватанони мо ҳам тасдиқ карда, баён доштанд, ки барои пешбурди фаъолияти қонунии меҳнатиашон ягон омили халалрасон мавҷуд нест.

Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба сохтмони биноҳои баландошёна машғул буданд, маълум гардид ва баъдан таҳлилҳо нишон дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони тоҷик ба ғайр аз сохтмон боз дар соҳаҳои истеҳсолу коркарди чӯб, савдову хӯроки умумӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд. Бо мусоидати Маркази фарҳангии тоҷикон “Ҳамватан” ва ҷонибҳои кордиҳанда бо намояндагони муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳили кӯли Байкал ҳам мулоқот ороста, бо вазъи зиндагию фаъолияташон аз наздик шинос шудам. Дар рафти суҳбати озоду самимӣ онҳо баён доштанд, ки маҳз ба нияти неки фаъолияти меҳнатӣ ва ба даст овардани даромад ба ин вилоят омадаанд. Сиёсати ба ободонию бунёдкорӣ нигаронидашудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғояву ҳадафҳои барномавии ҲХДТ-ро якдилона дастгирӣ менамоянд, Ватани маҳбубамонро дӯст медоранд ва мехоҳанд аз ҳисоби маблағҳои дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст овардаашон дар ободонии диёр саҳми худро гузоранд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик одобу русуми мардуми маҳаллиро пос медоранд, қоидаҳои муошират, либоспӯшӣ ва гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоя мекунанд, бо сокинони таҳҷоӣ муносибати хуб доранд. Фаризаҳои диниро чун дар хонаи худ ба ҷо меоранд. Лекин, чуноне ки худашон гуфтанд, ҳаргиз ҷонибдори ифротгароёну тундгароён ва бадхоҳони давлату миллати тоҷик нестанд. Ба дурӯғу фитнақои хоинону ватанфурӯшон бовар намекунанд ва ба ваъдаҳои бебунёдашон фирефта намешаванд.

Қобили зикр аст, ки як гурӯҳ ҳамватанони соҳибкорамон аз қабили зодагони шаҳри Исфара Фарҳод Икромов ва Гилмон Тӯхтаев дар шаҳраки Ҷилкино, ҳамчунин Абдурасул Расулов дар шаҳри Иркутск барои муҳоҷирони меҳнатӣ шароити хуби меҳнат ва тиҷоратро фароҳам овардаанд. Мирзоҳаёт Саидов – соҳибкор аз ноҳияи Файзобод, ки дар шаҳрҳои Иркутск ва Хабаровск марказҳои савдою хизматрасонӣ кушода, айни замон ният дорад чунин марказро дар шаҳри Ангарск низ таъсис диҳад, дар баробари дастгирии ҳамватанони муҳоҷирамон дар зодгоҳи худ як силсила корҳои ободониро аз қабили таъмиру навсозии роҳу кӯпрукҳо анҷом додааст. Маркази фарҳангии тоҷикон “Ҳамватан” бошад, дар вилояти Иркутск барои муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва соҳибкорони тоҷикистонӣ пушту паноҳи қавӣ мебошад.

Чорабинии наврӯзӣ, ки санаи 24 март дар шаҳри Ангарск дар кохи фарҳанги “Нефтехимик” доир гардид, ба иди ҳақиқии дӯстию рафоқат табдил ёфт. Дар он наздик ба 3 ҳазор нафар ҳамватанони мо, ба ғайр аз ин сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо низ иштирок намуданд. Аксари ҳамватанонамон, аз ҷумла бонувон либосҳои миллии тоҷикӣ ба бар карда буданд.

Тантанаҳои наврӯзӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ ва бозиҳои миллӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, мусобиқаи тухмҷанг хеле хотирмон ҷараён гирифт. Сокинони маҳаллӣ аз рӯи растаҳои ташкилгардида бо расму русум, анъанаву суннатҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун, таърихи ҷашни Наврӯз ва ҳунарҳои мардуми мо аз наздик шинос шуданд.

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар доираи ҳамин чорабинӣ доир шуд. Ин ҷавонони саодатманд шукрона аз сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ ва серию фаровонӣ дар Ватани азизамон намуда, таъкид карданд, ки маҳз дар партави сиёсати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин бахти баланд насибанон шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти олӣ, албатта, ба халқу Ватани худ содиқона хизмат хоҳанд кард.

Дар қисмати расмии чорабинӣ, ки дар толори зебову барҳаво ҷараён гирифт, сарвари кохи фарҳанги “Нефтехимик” Кокошкина Антонина Александровна ва сохтмончии бофарҳанг ва сухандони тоҷик Шарифов Абдураҳмон Мусофирович барандагӣ намуданд. Зимни суханронӣ Наврӯзи дилафрӯзро ба кулли иштирокчиён табрику муборакбод гуфта, аз хизматҳои шоиста ва иқдомҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ғояву ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шудам. Дар вазъияти тантанавӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд, сарҷамъ сохтани ҳамватанон ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ва таҳсили хубу аъло Номаи сипоси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро ба намояндагони Палатаи ҷамъиятии Иркутск, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, шуъбаи минтақавии ҳизби “Единая Россия”, кордиҳандагону ҳамватанони муваффақ ва донишҷӯёни фаъол супорида, аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои даъват, пазироии гарму ҷӯшон, ҳамкории босамар ва мулоқотҳои самимӣ ба мақомоти расмии вилояти Иркутск ва шаҳри Ангарск миннатдорӣ баён намудам.

Баъдан чорабинӣ дар майдони назди кохи фарҳанг идома ёфт. Барномаи калони консертӣ то дергоҳ давом кард. Бо ибтикори ҳамватанони мо дар чанд дег оши палови тоҷикӣ пухта, ба таври ройгон ба иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ ва сокинони маҳаллӣ тақсим карда шуд.

Дар рафти сафари корӣ, зимни мулоқоту суҳбатҳо аз тарафи намояндагони расмии вилояти Иркутск ва шаҳри Ангарск чанд таклифу пешниҳоди судманд манзур гардид, ки қобили қабул мебошанд. Яке аз пешниҳодҳо ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021 дар Ватанамон алоқамандӣ дошт. Соҳилҳои кӯли овозадори Байкал ба монанди мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон минтақаи беназири сайёҳӣ мебошанд. Бо назардошти ин, пешниҳод гардид, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба аз ин имкониятҳо босамар истифода бурда, сайру саёҳати сокинони вилояти Иркутск дар Тоҷикистон ва ҳамватанони мо дар соҳилҳои кӯли Байкал ба роҳ монда шавад. Дар вобастагӣ ба ин масъала, пешниҳод намудам, ки дар мавсими таътили тобистона 50 нафар наврасони пешқадам аз таълимгоҳҳои Иркутск барои истироҳат ба вилояти Суғд фиристода шаванд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд истироҳати бофароғати онҳоро таъмин хоҳад кард.

Дар ин радиф пешниҳод гардид, ки робитаи байни муассисаҳои таҳсилотии мо бештар тақвият дода шавад. Ҷониби Иркутск барои забономӯзонии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла омода намудани онҳо барои супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ ҳам дар ҳудуди Федератсияи Русия ва ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр буданашро изҳор кард.

Вобаста ба ташкили чорабиниҳои муштараки варзишӣ, фарҳангӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, сабукӣ овардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос, бештар намудани ташрифи ҳайатҳои расмӣ ҳам андешаҳои ҷолиб баён шуданд.

Дар доираи сафари корӣ масъалаи ташкили ярмаркаи молу маҳсулот бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Итифоқи савдо ва саноати “Восточная Сибирь” низ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки моҳи август доир мешавад.

Зимни ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо ҳамватанонамон барои чунин иқдом, яъне бохабар шудан аз ҳолу аҳволашон ва ба дидорбинию мулоқоташон омадан ба унвони роҳбарияти ҲХДТ миннатдории самимӣ баён карданд.

 

Наим Маликисломӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд