Бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон азнавсозӣ ва сохтмони бинои нави кӯдакистони № 16 маркази вилоят оғоз гардид. Боғчаи мазкур аз соли 1959 фаъолият дошта, ба ҷойи 50 кӯдаки нақшавӣ зиёда аз 80 нафарро ба таълиму фароғт фаро гирифта буд. Ба ин муносибат дар саҳни боғчаи мазкур маросими гузоштани хишти аввал баргузор гардид. Дар ин маросим Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. «Таъмини шароити мусоид ва тарбияи сазовор барои насли оянда, аз муҳимтарин самтҳои стратегии кишвар аст, ки аз дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин нуктаҳои муҳим дар баромади Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар рӯзи таҷлили Рӯзи кӯдакон низ зикр ёфтанд. Бо назардошти ин дар шаҳри Хуҷанд доири фарогирии кӯдакон ба боғчаҳои бачагона нақшаи мушаххас таҳия гаштааст». Ҳоло дар маркази вилоят зиёда аз 40 % кӯдакони сини то мактабӣ дар боғчаю кӯдакистон тарбия мегиранд. Тибқи нақшаи сохтмончиён бинои нави ин муассисаи кӯдакона то санаи 1 июни соли 2016 бояд мавриди истифода қарор гирад. То ба анҷом расидани сохтмон тарбиятгирандагон дар дигар муассисаҳо таълим хоҳанд гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини идораи маориф супориш дод, ки дар марҳилаи сохтмону азнавсозӣ ягон нафар кӯдак аз боғча дур намонад. Маблағгузории сохтмон аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, дар марҳилаи аввал ба ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Ҳамзамон баробари ба истифода додани бинои нав ба ҷойи 18 нафари пештар фаъолият дошта, 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 200 нафар кӯдак имкони таълиму тарбияро пайдо мекунад.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 8491
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 8417
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 6622
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 6456
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 5881
-
МЫ В СОЦИАЛЬНЫХ СЕТЯХ!2023-09-23 46
-
шаҳри Душанбе2023-09-15 109
-
Писари ман сарбози Ватан аст2016-02-25 1461
-
Машғулияти омӯзишӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ2015-09-28 1398
-
Раъйпурсӣ- падидаи мустақили хуқуқи конститутсионӣ2016-04-16 1335
Меҳмонон