Имсол, ки оғози Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист, ба таъсисёбии  Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   26  сол пур мешавад.  Бо ибораи дигар беш аз чоряк аср боз сарбозону афсарони Артиши  миллии мо барои ҳифзи  озодию соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии Ватанамон содиқона хизмат карда истодаанд.

    Бояд  гуфт,  ки  таъсисёбӣ,  ташаккул  ва  пешрафти  Артиши  миллӣ,  ки  зодаи замони соҳибистиқлолист, бо ному фаъолияти назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон вобаста буда, Ҷаноби Олӣ Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои мусаллаҳи  ҷумҳурӣ  низ  ҳастанд.

     Артиши миллии Тоҷикистон борҳо аз санҷишҳои сахту вазнин бо сари баланд гузаштааст. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта, вақте ки хатари ҳамчун миллат аз байн рафтани тоҷикон ва ҳамчун давлат аз ҳаритаи сиёсии дунё маҳв гардидани кишвар ба миён омад, аскарону афсарони диловар сипари боэътимоди Ватан шуданд. Онҳо  халқу Ватанро на танҳо аз душманони беруна, балки аз душманони дохилӣ ҳам ҳимоя карда тавононистанд.

      Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ислоҳоти низомӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз оғози таъсисёбиаш то имрӯз давра ба давра идома дорад. Зимни татбиқи он дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, ба ҷузъу томҳои низомӣ навтарин намуди яроқу аслиҳа ва таҷҳизоти техникии ҳарбӣ ворид гардида, фарзандони диловару шуҷои миллат ҳоло мустақилона аз уҳдаи ҳимояи марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор ва таъмини суботу оромӣ дар дохили мамлакат баромада истодаанд.

    Имрӯз ҷавонони далеру шуҷоъ имкон доранд, ки дар худи Тоҷикистон соҳиби таҳсилоти олии низомӣ шаванд. Соли 1992 дар пойгоҳи собиқ техникуми геологии Душанбе Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ таъсис ёфта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2002  коллеҷи мазкур ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар табдил ёфтааст. Дастпарварони он дар радифи сарбозон мунтазам дар машқҳои низомӣ иштирок намуда, маҳорати баланди касбию хизматӣ нишон медиҳанд.

      Ба андешаи мо маънои ҳизмати низомӣ, пеш аз ҳама, аз таҳти дил дӯст доштан ва муҳофизат кардани Ватани худ ва сокинони он мебошад. Хизмати ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда ҳар ҷавон қарзи фарзандиашро дар назди халқу Ватан адо менамояд. Чуноне ки Пешвои муззами миллат мегӯянд, мо як модар, як Ватани маҳбуб дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Фарзандони асили ин модар ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз барои ҳифзи Ватану халқи худ омодаи қаҳрамонӣ буданд ва ҳастанд.

    ҲХДТ аз оғози фаъолияти худ ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти он эътибори махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд мунтазам аёдати хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ ба роҳ монда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

    Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъкид намуданд,  ки: «Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, бахусус ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Мо ба Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд. Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад. Бинобар ин, роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, садоқат ба халқу Ватан, тарбияи кадрҳо, риояи ойинномаву низомномаҳо, интизоми ҳарбӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ эътибори доимӣ диҳанд».

      Бо истифода аз фурсат, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ба ҳамватанон муборакбод гуфта, дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ва иҷрои дастуру ҳидояҳои Пешвои миллат барору комёбӣ таманно менамоям.

 

 

 

Мудири шуъбаи

умумӣ ва назорати

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд                                                                                                                                                     Исоев Э.М.