Тайи чанд рӯзи охир якбора сард омадани ҳаво вазъияти сокинонро душвор гардонид. Ҳамзамон аз ҳисоби кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳи барқии обии Норак зарурати дубора маҳдуд кардани интиқоли барқ ба миён омад. Дар Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” вобаста ба ҳалли мушкилоти мардум омадааст, ки танҳо сафакорона истифода бурдани нерӯи барқ метавонад, барои дастрасӣ ба барқ дар давраи зимистон расидагӣ кунад. Аз ин хотир бо дастури роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ кумитаи иҷроияҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд, ки дар баробари ташвиқу тарғиб намудани фарҳанги истифодабарии нерӯи барқ, ҳамзамон ба оилаҳои камбизоату ниёзманд ройгон ҳезуму ангишт тақсим намоянд.

Нимаи дуюми рӯзи гузашта кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар як миқдор ангишт ва ҳезуми хушкро бо ҷалби аъзо ва пайравони Ташкилоти ҷамъитии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба чунин табақаҳои аҳолӣ тақсим карда дода,  зимнан таъкид карда шуд, ки яке аз роҳҳои сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ин дар ҳавлиҳо истифода бурдани печкаҳои бухорӣ ҳаст, ки истифодабарии он бар манфиати кор аст.

Чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, итминон дорем, ки миёни шахсони хайрхоҳу саховатпеша ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо мекунад.