Дар доираи баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом - Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ШТР СМ-1  барномаи телевизионӣ дар мавзӯи “Иҷлосияи сарнавиштсоз” ташкил ва сабт гардид.

 Дар барномаи “Печутоби замон” як гурӯҳ кормандон ва аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз тамоми соҳаҳои мухталиф иштирок намуда, оид ба дастовардҳо ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони имрӯза фикру андешаҳояшонро баён доштанд.

Ҳамчунин дар барномаи мазкур иштирокчиёни Иҷлосия тақдирсоз ва  собиқадорони соҳаи алоқа ширкат намуда, воқеаҳоро аз рафти баргузории иҷлосия нақл карданд.