Ҳар як ҷомеа ва давлат барои рушду нумўи худ аз имконияту захираҳои гуногун истифода менамояд. Агар дар давраҳои пешина иқтидори асосии давлатро нерўи ҳарбӣ ва ҷисмонӣ ташкил медод, пас дар асри XXI иқтидори фикрӣ ва зеҳнии инсонӣ нисбат ба ҳар нерўи дигар афзалият пайдо намудааст. Бо назардошти аҳамияти баланд доштани сармояи инсонӣ дар пешрафти давлат, кишварҳои мутараққӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, якум сифати нерўи инсонии давлатро баланд бардоранд ва дуввум бо истифода аз барномаҳои талош ба давлати хеш нерўи инсонӣ ворид намоянд.

Бо роҳи таъсиси барномаҳои таълимӣ барои ҷавонон, муҳайё намудани шароити хуб барои мутахассисони дараҷаи баланд ва барномаҳои дигар даҳҳо чунин барномаҳо айни ҳол амал менамояд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳарчи бештар сифати нерўи инсонӣ баланд бошад, ҳамон қадар заминаи рушди давлат фароҳам мегардад. Имрўз давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳоеанд, ки бо истифодаи нерўи инсонӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд. Чуноне собиқ Сарвазири Британияи Кабир хонума Маргарит Тетчер фармудааст: «Боигарии давлат зарур нест, ки танҳо аз ҳисоби захираҳои зеризаминӣ сохта шавад, ҳатто дар ҳолати пурра мавҷуд набудани он мумкин аст. Давлатро лозим аст, барои рушди истеъдоди инсонӣ шароит муҳаё намояд».

         Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба шумор рафта, ҷавонон захираи муҳими давлат ва ояндаи Тоҷикистон ҳастанд. Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин масъала таваҷҷўҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди ҷавонон, баланд бардоштани донишу маърифат, малака, забондонӣ ва касбомўзии онҳо диққати махсус зоҳир менамоянд. Ҳамин тавр, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба мавзўи ҷавонон ва рушди нерўи инсонӣ таъкиди махсус намуданд ва инро метавон яке аз нуктаҳои асосии Паёми имсола номид.  Президенти кишвар бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Дар ҳақиқат, сармояи бузурги ҳар як давлат ҷавонони созандаву бунёдкор ва босаводу худшинос маҳсуб меёбанд. Пас мавзўи инкишофи таълиму тарбия ва баланд бардоштани нерўи ҷавонон масъалаи ҳамешагии давлат буда, барои рушду нумўъ ва ояндаи давлат аҳамият басо муҳим дорад.

         Идомаи 25 соли соҳибистиқлолии давлатӣ барои рушди ҳаёти ҷавонон ҳам аз нуктаи қонунгузорӣ, ҳам аз лиҳози маориф, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, рушди варзиш ва касбомўзӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шуданд. Вале баробари ин то ҳол ба таври зарурӣ барои инкишофу баланд бардоштани нерўи инсонӣ корҳои ба анҷом расида кофӣ намебошанд. Аз ин ҷиҳат, эълон гардидани соли 2017 чун Соли ҷавонон як фурсати бисёр муносиб дар самти баланд бардоштани нерўи инсонӣ ва пеш аз ҳама нерўи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мо дар самти баланд бардоштани нерўи ҷавонон боядт чунин корҳои муҳим ба анҷом расонида шаванд.

  1. Варзиш - солимии миллат. Миллату давлати солим аз фардҳои солим иборат аст. То имрўз дар самти варзиш бо ташаббуси бевоситаи Сарвари кишвар бисёр корҳои муҳим ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, таъсис додани майдончаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон. Ҳамчунин, дар бисёр муассисаҳои давлатӣ як навъ тамоюли рў овардан ба машқҳои варзишӣ дар ин давра ба чашм мерасанд. Вале, ба андешаи ман, барои солимиву саломатии мардум ҳар ҳафта рўзи  душанбе ду соат дар тамоми муассисаҳои гуногуни давлатӣ машқи варзишӣ ташкил карда шавад. Зеро ин ҷиҳати ҳам барои солимии мардум ва ҳам барои баланд шудани қобилияти меҳнатӣ мусоидат  менамояд. Ҳамин тавр, машқи варзишӣ ба як одат мубаддал гардад.
  2. Таъсиси Марказҳои рушди ҷавонон. Албатта, ҷавононро дар як радиф гузоштаву дар як ҷумла хулоса намудан душвор аст. Зеро ҷавонон дар самту соҳаҳои гуногун таҳсил мекунанд ва кору фаъолият мебаранд. Барои баланд бардоштани нерўи зеҳнии ҷавонон хуб мешуд, дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо Марказҳои рушди ҷавонон таъсис дода шавад. Дар марказ барномаи мушаххаси рушди тафаккури созандагӣ аз тарафи мутахассисони варзида дарс гуфта шавад. Марказ тавонад дар баланд бардоштани сифати нерўи ҷавонон мусоидат намояд. Лоиҳаҳои рушд ва созанда дар Марказ коркард шуда, ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.
  3. Тарғиби тафаккури созандагӣ.Тарғиби тафаккури созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни мардум имкон фароҳам меоварад, тамоми нерўи зеҳниву ҷисмонии онҳо, пеш аз ҳама ҷавонон, ба тарафи ободкорӣ равона гардад. Тафаккури созандагӣ барои бунёди зиндагии хуб, саҳм доштан дар ободии ҷомеа ва пешрафти кишвар дар ҳифзи суботу оромӣ ва ҳам ба тақвияти бештари суръати рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат мусоидат менамояд. Тафаккури созандагӣ набояд чун як масъалаи мураккаб ва душвор тасаввур карда шавад, балки он ба таври мусбӣ, масъулиятшинос ва эҷодкорона барои пешравии шахсӣ, саҳми шаҳрвандон дар ободии ҷомеа ва рушди давлат ҳисобидаву дониста шавад. Тафаккури созандагӣ – ин раванди тарбияи шаҳрванди масъулиятшинос ва созанда буда, он имкон фароҳам меорад, то тамоми нерўи инсонии кишвар ҷониби бунёдкорӣ ва рушд равона гардад.

Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди нерўи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сати баланди рушди инсонӣ мегардад. Дарвоқеъ, ин тасмими Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати нерўи инсонӣ бо тафаккури созандагӣ алоқамандии зич дорад, аз ин рў тақвияти малакаву маҳорати илмиву эҷодӣ ва ҳам ҷисмонии онҳо яке масъалаҳои муҳим дар солҳои минбаъда қарор хоҳад гирифт. Умуман, дар ҳолати дуруст татбиқ ёфтани ин барнома ва ба таври зарурӣ фароҳам овардани шароит барои ҷавонон, сифати нерўи инсонӣ баланд гардида, он ба самти созандагиву ободкорӣ равона хоҳад шуд. Бо ин роҳ метавон солимии ҷомеа, оромиву суботро таъмин кард ва ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардид.

  1. Фарҳанги меҳнатдўстӣ.Меҳнат кардан яке аз омилҳои асосии муваффаақияти  шахс, ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад. Муносибати дуруст нисбат ба машғулият ва дўст доштани касби хеш имкон фароҳам меорад, шахс ба мақсадҳои неки худ бирасад. Тавре нависандаи шинохта Максим Горкий гуфтааст: «Ҳар як кор то он замоне, ки онро оғоз намекунӣ ва онро дўст намедорӣ, он душвор аст, баъдан, он туро ба шўр меорад ва саҳл мегардад». Ҳар як аъзои ҷомеа вобаста ба завқу тавоноии худ дар самте фаъолият намояд ва он коре, ки  ў ба анҷом мерасонад, барои рушди шахсӣ, ободии ҷомеа ва пешрафти давлат равона гардад. Агар шахс ягон ҳунару истеъдод надошта бошад, пас ўро мебояд думболи касбомўзӣ шавад. Ба омўзиши касбу ҳунаре пардозад, ки худ завқ дошта бошад ва касби ў дар бозори меҳнат талабот ва харидор пайдо намояд. Пас, дар ин шахс фарҳанги меҳнатдўстӣ ба маънои томаш зуҳур ва рушд менамояд.  

Таълиму тарбияи ҷавонони худшинос, худогоҳ, бомаърифат ва хештаншинос барои ҳар як ҷомеа вазифаи муҳим мебошад. Падару модар, ҷомеа ва давлат метавонад бо кўшишу талоши хеш ҳамеша барои ҷавонон шароити хуб фароҳам оварад. Вале гузашта аз ин омода намудани ҷавонон барои зиндагии фардо ва ояндаи давлат аз ҳама муҳим мебошад.  Чуноне, собиқ Президенти ИМА Франклин Рузвелт дар ин маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале мо метавонем, ҳамеша ҷавононамонро барои оянда омода созем»

Воқеан, тасмими Роҳбари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани нерўи инсонӣ ва пеш аз ҳама имконияти ҷавонон бисёр як амали дурбинона ва заминаи бузург гузоштан барои ояндаи обод ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ҳамин лиҳоз, бисёр хуб мешуд, мақомотҳои дахлдори соҳа аз оғози соли 2017  барномаи мушаххасеро бобати ба баланд бардоштани нерўи ҷавонон тарҳрезӣ намудаву, амалӣ намоянд.

 

 


Шўҳрат Саидов, раиси Шўрои олимони ҷавони ДДҲБСТ