Муҳтарам аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ!

Ҳозирини гиромӣ!

    Фаро расидани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба шумо ва дар симои шумо ба кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд муборакбод мегӯем. Барои мо мояи ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки ҲХДТ сарпарасти маънавии ин иншооти азими аср мебошад ва аъзоёну алоқамандони ҳизби маҳбубамон дар таҳким ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоиста доранд. Сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи фарорасии ҷашни мубораки умумимиллӣ ва рӯйдоди муҳими таърихӣ рӯҳияи идонаи аҳли ҷомеаро дуболо сохт ва армуғони нотакрори идона гардид.

     Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз чор ҳадафи миллӣ эълон шудааст, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд гардиданд.

     Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад.

     Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ба кор андохтани агрегати якуми ҳамин нерӯгоҳ, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 -киловолтаи Душанбе – Роғун, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 200 - киловолтаи НБО «Роғун», мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1», «Сангтӯда -2», «Помир -1», Нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2», зеристгоҳҳои барқии 500 –киловолтаи Душанбе ва Суғд, хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб – Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 – киловолта дар НБО «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 – киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран - 2», хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолтаи «Лолазор – Хатлон», «Тоҷикистон - Афғонистон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Қайроққум – Суғд», «Айнӣ – Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи лоиҳаи КАСА -1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Ватани соҳибистиқлоламон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ноил гардидаем.

     Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла чунин гуфанд: «Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетики кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд.

     Аз оғози бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

    Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетики кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА – 1000 оғоз гардидаст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад».

    Дар доираи сафари кориашон Пешвои муаззами миллат расман ба татбиқи лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» оғоз бахшиданд. Бо татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ буда, то соли 2023 идома хоҳад ёфт, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидроэнергетики он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегат азаз 21 мегаватт то наздик ба 30 мегаватт, дар умум тавоноии нерӯгоҳ аз 126 ба 176 мегаватт расонида мешавад. Бо татбиқи лоиҳа иқтидори НБО «Қайроққум» 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи нерӯи барқ то 38 дарсад афзуда, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо нерӯи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд. Маблағи умумии корҳои таҷдиду навсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ 200 миллион доллари ИМА (1миллиарду 900 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

     Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, ду сол боз маҳдудият ва норасоии нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон аз байн рафта, соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 миллиард киловатт – соат нерӯи барқ содирот кардааст. Дар миқёси кишвар яке аз аввалинҳо шуда ба ҳайси шаҳри пилотӣ дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз низоми электронӣ механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда,  ивазкунии сутунҳои чӯбин бо сутунҳои оҳану бетонӣ ва ноқилҳои кӯҳна бо ноқилҳои нав аз ҳисоби давлат роҳандозӣ гардид. Дар байни давлатҳои пасошӯравӣ нерӯи барқи аз ҳама арзонтарин дар Ватани мост.

    Табиист, ки ҳар қадар ҳаҷми нерӯи барқи истифодабурдаамон зиёд шавад, ҳаҷми маблағ ҳам зиёд мешавад. Сарфакорона ва бо меъёр истифода набурдани нерӯи барқ бар зиёни худи истифодабарандагон аст. Яъне агар хоҳем, ки барои истифодаи нерӯи барқ маблағи калон насупорем, бояд онро сарфакорона истифода бурда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.

    Бо истифода аз фурсат бори дигар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро табрик гуфта, бароятон сарсабзию сарбаландӣ ва хушрӯзгорию хонаободӣ таманно менамоем. Бигзор ливои озодию истиқлолият, чун роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон, дар фазои Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад!