Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Тарғиботчиён дар рузи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Конститутсия – кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар назди шунавандагон баромад намуданд.

         Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» низ бо иштироки васеи аъзоёни ҳизб ва кормандони беморхона баргузор гардид.

Зимни баромад муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Нуриддин Ашӯров зикр дошт, ки боиси ифтихору сарфарозии мо миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониёни арҷманд аст, ки имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тақдирсоз, ки арзишҳои волои он бо такя ба анъанаҳои миллии ниёгонамон дар эъмори давлати демократӣ, озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ заминаи боътимоди ҳуқуқӣ гузошт, бисту се сол сипарӣ мешавад.

       Дар он солҳои барои Тоҷикистони дар арсаи таърих давлати хеле ҷавон муҳимтар аз ҳама, ки мустақилият ва соҳибихтиёрӣ ба даст овард, зарур буд, ки шакли давлатдорӣ, рукнҳои он ва роҳи тараққиёт ба сӯи ояндаро дар ҷаҳони мураккаби имрӯза муайян намояд. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар навбати аввал меистод ин қабули ҳуҷҷати тақдирсози миллату давлат – қабули Конститутсия буд.

         Доир ба зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи кишвар дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар  Иҷлосияи таърихии XYI Шӯрои Олии Тоҷикистон  ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, ки Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон буданд, аз ҷумла иброз доштанд: “...асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти  меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода,  барои бунёди давлати нав  - давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”.

         Лозим ба ёдоварист, ки чунин вохӯриҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд.