Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардум бурда расонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Салимабону Каримова ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии вилоятии "Сирдарё 1" баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Салимабону Каримова доир ба фаъолияти вакилии худ дар назди интихобкунандагон маълумоти муфассал дода, оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба пешвозгирии ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баромад намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар доир ба дастовардҳои замони Истиқлолият суханронӣ намуд.