Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суѓд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 9 июни соли 2023, №619-24 ва дар асоси дастури мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист санаи 10 июни соли 2023 бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронида, ҳашарчиён ҷиҳати тозагии маҳал саҳми назарраси худро гузоштанд.