Ҳамсафони азиз,

Ҳамдиёрони гиромӣ! 

Бистуҳафт сол муқаддам  дар вазъияти мушкилу ҳассоси кишвари соҳибистиқлоламон бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис ёфт.

Лозим ба зикр аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи кишвар зарари калони моддиву маънавӣ расонд. Ҷумҳурии мо аз собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ягон меросе дар самти ҳимояи давлат нагирифт. Ва дар солҳои нахустини фаъолияти хеш Вазорати мудофиаи мамлакат ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин зина ба зина ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо роҳандозии техникаву таҷҳизоти муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисоси низомӣ имрӯз ба яке аз сохторҳои қудратманд мубаддал гардид.

 Дар ин муддати кӯтоҳ афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.

          Хизмати сарбозони далеру шуҷои Ватан махсусан дар давоми солҳои 1993 - 1997 равшан ба назар мерасад. Зеро онҳо дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хизмати шоиста анҷом доданд.

 Аз касе пӯшида нест, ки дар он айёми сангин шароит чандон мусоид набуд, вале маҳз ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ҷавонони диловарро водор мекард, ки сипари боэътимоди марзу буми аҷдодӣ бошанд.

Мо бо кишвари ҳамсояи Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорем. Медонем, ки дар ин мамлакат шурӯъ аз солҳои 80 –уми асри гузашта ҷангҳои дохилӣ идома дорад.

 Маҳз софдилона адои вазифа кардани афсарону аскарон аст, ки имрӯз мо осудаву оромона кору зиндагӣ дорем.

Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои хеш ба матонату родмардии ҷавонон баҳои баланд дода қайд карда буданд: «Қувваҳои Мусаллаҳ чун рукни муҳими давлатдории тоҷикон барои пойдории сулҳу субот дар мамлакат, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳми басо назаррас  гузошта, дар ҳифзи марзи давлатиамон хизмати фидокоронаро анҷом медиҳанд.  Ҳомиёни Ватан пайваста бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстии хешро собит месозанд». 

Дар ин солҳо садҳо қисмҳои низомӣ, Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ  сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҷавонони Ватан дар ин қисмҳои низомӣ ва муассисаи таҳсилоти олии ҳарбӣ дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд.

Боиси хушнудист, ки сол то сол сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардида истодааст. Зеро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбию техникӣ ва олӣ устодон барои омода кардани ҷавонон барои дифои Ватан, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ хизмати шоиста карда истодаанд.

         Ҳамзамон таваҷҷуҳи хоссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шахсан Раҷаббой Аҳмадзода низ ба пешрафти Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат калон аст. Дар сатҳи баланд гусели наваскарон соле ду маротиба руҳияи навскаронро ба маротиб баланд бардошт.

Хизмат ба Ватан натанҳо адо кардани қарзи шаҳрвандист, балки обу тоби ҷисму рӯҳ, инчунин тақвият ёфтани дониши сиёсӣ мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нафарони ба хизмати ҳарбӣ рафта ба ҳизбу  ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аъзо намешаванд, балки дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки ин обу хоки диёр муқаддас аст ва онро азизу мӯътабар дорем.

Бо истифода аз ин фурсати қулай ҳамаи мардҳои кишварро ба ин рӯзи фирӯз сидқан муборакбод гуфта, барояшон хонаи обод ва омади корро таманно дорам.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак!