Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Паёми анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чун роҳнамои фаъолияти худ қабул менамоянд ва ҷиҳати татбиқи муҳимтарин нуқтаҳои он тадбирҳои амалӣ меандешанд.

22 декабри соли равон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шунидани Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд. Ҳамаи кормандон аз оинаи нилгун дар якҷоягӣ Паёмро гӯш ва суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.

Бо мақсади дар сатҳи баландтар омӯхтан ва шинос шудан бо Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиб ва омӯзиши давра ба давраи Паём минбаъд дар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳо доир карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ кормадони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд якдилона Паёмро ҷонибдорӣ мекунем ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташудаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар самтҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб ва ғайра мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони касбии мамлакат самтҳои асосии фаъолияту зиндагии кулли тоҷикистониёнро барои як сол ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои саривақтии ҳама вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳо босамар истифода хоҳад бурд.