Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Пеш аз ҳама муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар беморхонаи бачагона Нуриддин Ашӯров доир ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 7 феврали соли равон дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ пешниҳод гардиданд, аъзоёни ҳизбро шинос намуд. Қайд гардид, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои тасдиқгардидаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ мо бояд фаъолиятро дар самти қабули сифатноки аъзо, бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ доир ба фаъолияти ҳизб, фаҳмонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баҳри пешгирии кирдорҳои зишт, аз ҷумла коррупсия мусоидат намуда, барои таҳкими андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ чораҷӯӣ карда, баҳри муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар идеяи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол –Ватани маҳбуби ҳамаи мо»-ро яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизб қарор диҳем.

Сипас, аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Фарҳод Муллоев ба 7 нафар кормандони беморхона, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.