Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорони меҳнат бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба аёдати собиқадори ҳизб Дадохон Музаффаров рафта, табрикоти ҳизбиёнро ба ин шахсе, ки солиёни зиёд барои пешрафти кишвар саҳми назаррас гузоштааст, расонид.