Аз рӯи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии “Зуҳал”-и назди ширхоргоҳ – кӯдакистони №16-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зуҳал” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023, дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зуҳал”, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва қабули аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Қодирова Нигина Исматуллоевна оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоии “Зуҳал” дар назди ҳамсафон ҳисобот дод. Баъди шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҷамолова М. ва Зоидбоева Ф. ба музокира баромада, ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи кори маҷлис Дилрабо Қурбонова намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Зуҳал”-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардида, тибқи овоздиҳӣ ва тарафдории аъзоҳои ташкилоти мазкур раиси ташкилоти ибтидоии “Зуҳал” Қодирова Нигина Исматуллоевна аз нав интихоб карда шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми маҷлис барои 4 нафар кормандон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.