Замоне, ки Ҷумхурии Тоҷикистон истиқлолиятро ба даст овард, натиҷаи он дар тамоми самтҳои хоҷагии  халқи кишвар назаррас арзебӣ мегардид. Маҳз андешаҳои оқилонаи Президенти кишвар дар Паёмҳои хеш мардумро ба ҳифозати бештару таҳкими ин неъмати муқаддас - истиқлолият водор месохт, зеро дар хақиқат, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳиб эҳтиром аст.  Истиклолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиери миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад.»  Феьлан дарахти саодату пойдории миллат - Истиқлолияти давлатии    тоҷикон 27-сола шуд ва ҳар лаҳза ба обёрӣ ва нигоҳубини ҳамешагӣ ниёз дорад. Нашъунамо ва нумуи ин дарахт аз чашмаи ҷон ва қалбхои пур аз меҳру муҳаббати мо ғизо мегирад,аз камоли ҳифзу нигаҳдории мо ҷовидонӣ азиму побарҷо хохад монд.

Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо тоҷикон Ватани худро сохибӣ карданд, давлатдории миллии худро барпо намуданд, суннату арзишҳои хешро эхё намуданд ва зиндагии озоду ободро ба роҳ монданд, ки ин ҳама бо сарварии оқилона ва сиёсати одилонаву хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рохандозӣ мегардад, -  мегуянд дар баромади пурмӯҳтавои хеш Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Наим Мунаввар Маликисломӣ дар чорабинии илмӣ - фарҳангие, ки дар робита бо МИҲД-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нақш ва мақоми зан дар таҳкиму ҳифозати истиқлолияти миллӣ» баргузор гардид.

Раисони занони ташкилоти ибтидоии кумитаи махаллаҳои Масҷиди Савр, Қорӣраҳмат Қурбонов,  Содирхон Ҳофиз, Навбаҳор, Шарқ ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИХД-и шахри Хуҷанд Муяссара Сангинова бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.

Бо суханҳои табрикотӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Нигора Ғафурзода,муовини Раиси МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, шаҳрванди фахрии Хуҷанд Бихоҷал Раҳимова баромад намуда, аз дастовардҳои Истиқлолият ва ташаббусҳои беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариш ва ҳифозати нодиртарин падидаи таърихӣ - Истиқлолият ибрози ақида намуданд. Чорабинӣ бо сурудҳои дилнишини Махками Баҳриддин анҷом пазируфт.