Дар доираи  пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон шудани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, дар маҳфили доимоамалкунандаи “Рози бону” масоили ҳунар ва ҳунармандиро байни занону модарони фаъоли ҳизб роҳандозӣ намояд.

Ҳунари  дастӣ ба инсон  завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад.

Фаъолзанҳои ҳизб Мукаррама Бузрукова, Хайринисо Темурова, Ҳамроҳ Атаева, Мавҷуда Ҳакимова Саноат Тиллохуҷаева, Умеда Абдурашидова хеле зарур ва бамаврид будани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр намуда, бар он ақидаанд, ки ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша бо ҳаёти инсон робитаи ногусастанӣ дорад.                                                                                                                                                                      Ҳамзамон бо сухани хотимавӣ Раиси маҳфили “Рози бону” Бобоева Зеварой баромад намуда, даъват ба амал овад, ки набояд ҳунарҳои мардумӣ ба зудӣ аз даст ба технология гузаранд ва шакли аслии худро гум кунанд. Зеро инъикоси анъанаҳои мардумӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ва инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорати  ҷавондухтарону ҷавонписарон мусоидат мекунад.