Ҳамшаҳриёни азиз, меҳмонони олиқадри шаҳри бостонии Хуҷанд!

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо рў ба ободиву тараққӣ ниҳода, симои шаҳру деҳоти мамлакат куллан дигаргун шуда истодааст. Сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои кишвар, таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар гўшаву канори Тоҷикистони маҳбуб рўҳияи сокинонро боз ҳам баланд бардошта,  онҳоро бештар ба созандагию бунёдкорӣ раҳнамун месозад.

Боиси шодмонист, ки дар доираи 1300 рўзи ободонию созандагии ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон эълоншуда бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва иқдомҳои раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода симои маркази вилоят рўз то рўз дигар мешавад ва ин шаҳри бостонӣ ба боғшаҳри зебову озода табдил меёбад. Албатта, дар раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ низ саҳми худро гузошта истодаанд, зеро шаҳри мо хонаи умеди мост.

Рўзи шаҳри Хуҷанд дар чунин муҳиту фазое фаро мерасад, ки аҳли ҷомеа ҳанўз таҳти таассуроти баланд аз сафари навбатии кории Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд, таҷлили бошукўҳи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми НБО “Роғун” қарор доранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ин рўзи хуҷаставу муборакро ба кулли сокинону меҳмонони хуршедшаҳри соҳили рўди Сир, зодгоҳу парвозгоҳи садҳо бузургон ва шахсиятҳои шинохтаву хизматнишондода, макони илму адаб ва фарҳангу ҳунар сидқан муборакбод намуда, барояшон сарбаландию хонаободӣ мехоҳем. Итминони комил дорем, ки дар масири сиёсати оқилонаю дурбинонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати соҳибистиқлолию соҳибватанӣ, тинҷиву амонӣ ва суботи комили сиёсӣ Хуҷанд боз ҳам пеш меравад, тараққӣ мекунад ва ба маънои томаш Тирози ҷаҳон мешавад.

Бо эҳтиром, раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар