“Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд”, - ин нукта дар ҳар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд, бо самимияти афзун ва тафохур нисбати эшон садо медиҳад.

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, хосатан шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони он тасмим гирифт, дар ҳошияи “Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар,” ки санаи 12  майи соли ҷорӣ баргузор гардид, вохӯрии ҷавондухтарону ҷавонписарони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Донишгоҳои олӣ ва касбиро ҷамъ оварад ва нуктаҳои мубрами мулоқоти мазкурро мавриди баррасӣ қарор диҳад, яъне бори дигар сухан аз ваҳдати кулл, амну амният, сулҳу суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – ичтимоӣ, созандагиву ободӣ,зиндагии шоистаи миллату давлат ва дар ин раванд заҳмату талошҳои шаборӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳандозии Барномаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои он, ғамхорӣ ва ташабусҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ нисбати ҷавонон ба миён орад, истиқболу пазироии хешро баён намояд ва дар амалӣ гаштани мақсадҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошад.

         “Шукрона аз даврони Истиқлол дорам! Шукргузор аз Ватани ободу зебо ва биҳиштосо ҳастам! Шукргузор аз он ҳастам, ки Сарвари муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соябони сарамон ҳастанд!

Ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои маънавиасос ва падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо баҳоҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, дар инкишофу пешрафти Тоҷикистони азизу биҳиштосо саҳми босазо мегузорам”, - мегӯяд аъзои фаъоли Шӯрои духтарони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, гирандаи Идрорпулии  мири шаҳр Таҳмина Аҳмадҷонова.